INFO:
#ЁДБУД Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бо сурудҳои халқӣ ва пурмазмун азизи мардум гаштааст.Дар фаъолияти чиҳилсолааш аз осори шоирони классику муосир,  аз ҷумла Мавлоно, Ҳофиз, Бедил, Иқбол, Лоҳутӣ сурудҳо эҷод намудааст.Таҳти роҳбарии ӯ чанд ансамбл дар фестивалҳои байналхалқӣ соҳиби ҷоиза гаштаанд. Ансамбли “Чашма” дар фестивали байналхалқии дастаҳои этнографию фолклории халқҳои кӯҳистон дар Лаҳистон соҳиби шоҳҷоизаи “Табарчаи тиллоӣ” гаштааст.Ансамбли “Сомон” дар ҷашнвораи байналхалқии мусиқӣ дар шаҳри Теҳрон ҷоизаи “Чанги заррин” ва дар фестивали байналмилалии “Баҳори апрел” дар Кореяи Шимолӣ ҷоизаи “Ҷоми тилоӣ” гирифтааст.Ин ҳунарпешаи варзида 10 июли 2021 дар синни 66 солагӣ даргузашт.Ёдаш гиромӣ бод! | Азия-Плюс тоҷикӣ